Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Аждаҳо шуд ғами ман, то зи дарун хӯрд маро,

Аждаҳо шуд ғами ман, то зи дарун хӯрд маро, Оби оина чу гирдоби бало бурд маро. Хурд шуд, хурд шуду тӯъмаи тимсоҳе гашт, Офтоби қафаси сина, ки пажмурд маро. Ғурбати сардаму танҳоии бепоёнам, Дӯстиҳои абас бештар озурд маро. Рашки сад оина будам ба таҷаллорезӣ, Дасти зангори касе омаду бистурд маро. Он азизе, ки ба ман нақди амонат бахшид, Қасди бистондан агар дошт, чӣ биспурд маро? Аз гулӯ хун бичакониду ба побӯси ту рафт, Шамъи сурхе, ки шаби фурқати ту мурд маро.