Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Аз пардаҳои чашм бияфшон ғуборро,

Аз пардаҳои чашм бияфшон ғуборро, Шодӣ бубахш ҳастии фурсатшуморро. Гарм аст, маҳфиле, ки ту бошию чун туе, Эй меҳрубон, тарона бибанд ин баҳорро. Маҷлис дар авҷу қаҳ-қаҳа парвоз мекунад, Аммо манам, ки дӯст бидорам фирорро. Минбаъд моҳиёна набошам ғариқи худ, Борон шавам, такон бидиҳам сангу хорро. Борон шавам, ба сӯҳбати гулгаштҳо равам, Охир кушоям ин лаби гавҳарнисорро. Ширин ба бар бигираму дар мағзи худ ҷабам, Ин чанд рӯзи додаи Парвардагорро.