Бигӯяндам, ки камтар гӯ суханҳои китобиро,
Бигӯяндам, ки камтар гӯ суханҳои китобиро,
Ки хушкистони рӯҳи мо бихоҳад лаҳни обиро.
Саҳархезон, ки дарсомӯзи мактабхонаи субҳанд,
Забони нур медонанду ҳарфи офтобиро.
Саропо чашм гаштам ҳамчунон оинаи шабнам,
Ки субҳе нусха бардорам фалакҳои гулобиро.
Пур аз хун шуд дили абреву бигристан наметонад,
Сари изҳори матлаб мекашам ин сон азоберо.
Ният кардам, ки ҷӯеро ба дарёҳо бипайвандам,
Шикаст андар шикаст омад ҳавасҳои ҳубобиро.
Чӣ меҷӯӣ, ало, эй ошно, аз ин нишебистон,
Бирав, бар авҷҳо парвоз деҳ чашми уқобиро.
Чаро аз ҷӯйборе хулқи дарёӣ талаб дорӣ,
Чӣ хоҳӣ аз мани зангорбаста инқилоберо.
Чу худ шоир набудам, чашмҳоям сахт шоир буд,
Бихон андар китоби чашмҳоям шеъри обиро.