Дар қафасаш фикандаам кӯҳнадили шикастаро,
Дар қафасаш фикандаам кӯҳнадили шикастаро,
Ҳадя намекунам ба кас ҷомаи обшустаро.
Раста ба раста мебарад қавм матоъи фақрро,
Кӯча ба кӯча мекашад халқ вуҷуди хастаро.
Он чӣ ниёзи ман бувад, ҳайф, ки дар фурӯш нест,
Бори ҳазор сар задам ҷумла дӯкону растаро.
Равзана боз мекунад шоири умрбохта,
То дар уфуқ чаро диҳад чашми фурӯнишастаро.
Ишқ, чӣ дер омадӣ, баъди гузаштани баҳор,
Гард заду хароб кард ин гули деррустаро.
Омаданат ба чашми ман субҳтарини субҳҳост,
Ҳеч надидам инчунин омадани хуҷастаро.
Субҳ, маро канор каш, Шамс, маро ба дор каш,
Ханда занам, раҳо кунам, сӯи ту ҷони бастаро.