Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Азизо, оштӣ бахшо шаётинрову раҳмонро,

Азизо, оштӣ бахшо шаётинрову раҳмонро, Фароғатҳои соҳилрову растохези тӯфонро. Биё, эй раҳнамои офтобоғӯши зулматкуш, Зи дунболат бибар ин жандапӯшу каҷкулоҳонро. Биёвар чашмаеро бар наҷоти ҷони мо, варна Саробе мефиребад ташнагони ин биёбонро. Зиҳӣ он родмарди пурҳунар, к-ӯ ошно созад, Даме бо лаззати тавҳид ёрони парешонро. Барафкан пардаҳоро, дидаи тирезаро во кун, Зи рӯи субҳи наврас об деҳ чашмони пазмонро. Ало хуршедзоди ман, сафири олами қудсӣ, Бурун овар ба бӯят дерхобони шабистонро. Ман он хайётро хоҳам, ки даври чарх гардонад, Зи нав аз тиккаву пора ба ҳам дӯзад Хуросонро.