Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Шармандаам, ки ёд надорам баҳорро,

Шармандаам, ки ёд надорам баҳорро, Ширинии саодати перору порро. Эй хоб, эй ки умри маро дам кашидаӣ, Аз ман салом гӯ маҳи шабзиндадорро. Дил тора-тора-тора се ҳарфи навозиш аст, Мизроб мезанад нафаре ин сеторро. Шармандаам, ки сахт фаромӯш кардам Дилро, ҳамин ҳамешатарин ёдгорро. Кай буд зодрӯзи гули сурх, эй аҷаб, Аз ман рақам мапурсу ҳисобу шуморро. Бо барқ васл кардаӣ, эй офтобчашм, Ду дастгоҳи шӯълавари ғамбарорро. Имзои шабнам аст дар авроқи сурхи гул, Мо ошиқем хомаи имзогузорро. Дер аст гуфтану бинишастан ҷиноят аст, Бори дигар ба даст бигир ибтикорро. Ҳар ҷузъи ин ҷаҳон, ки чу ваҳйи муҳаббат аст, Меоварад ба хотири ту номи Ёрро. Фардо, ки ман набошам, аё офтоби ринд, Аз номи ман бибӯс ҷабини баҳорро.