Дил, ба чӣ раҳ адо кунӣ фурсати даргузорро
Дил, ба чӣ раҳ адо кунӣ фурсати даргузорро
Ё ба мушовирӣ бихон субҳи нафасшуморро.
Дар чӣ ғуруби беравон дар сари шохаи уфуқ
Мешунавад ҳама ҷаҳон таркиши як анорро.
Ин ҳама моҳу солҳо, бо ҳама ваҷду ҳолҳо
Ишқ, зи ту шунидаам омадани баҳорро.
Дар паси қуфлу панҷара, бастаи банди шашдара,
Баҳри тапиш иҷоза деҳ ин дили зарбдорро.
Тавбаи деркардаам то дари ӯ расид? На?
Тоза ба тоза дидаам раҳмати Кирдигорро.