Сарфи ҳарзаҳо кардам давлати ҷавониро,
Сарфи ҳарзаҳо кардам давлати ҷавониро,
Интизор биншастам ёри ормониро.
Пешпо хурад хуршед ҳар қадам ба санги абр,
Бар замин занад дунё завқи осмониро.
Васли мо чӣ маҳкам буд, эй баҳори савсанмӯҳр,
Аз ту чун пазироям қатъи ногаҳониро.
Дар ҷаридаи тақвим чанд баргаке монда,
Бишнавам зи оина шиҳаи хазонеро.
Аз канорае бинам зиндагиву тӯфонаш,
Панҷаам накард, афсӯс, ламси зиндагониро.
Осмон фишонад даст бар ғуруби хокиён,
Чашми ӯ намедонад сабки меҳрубониро.
Духтарам, гули себам, офтоби Наврӯзам,
Бар ту мекунам табрик фасли арғувониро.
Боз ҳам бимон, эй шеър, эй василаи эҳё,
Як ту зинда медорӣ партави ниҳониро.