Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Мекунам таҳнияти тозаи милод туро,

Мекунам таҳнияти тозаи милод туро, Меравам, то зи ҳузурам кунам озод туро. Ҳикмате дошт, ки ман фаҳм накардам зи нахуст, К-аз чӣ бар қисмати ман дӯст фиристод туро. Дили гумраҳ, ки лагадкӯби ҳаводис шудаӣ, Шукр гӯ, шукр, ки ӯ медиҳад иршод туро. Ҳама тарки ту намуданду як ӯ ёри ту монд, Ӯ, ки пайдову ниҳон панҷара бикшод туро. Шеър бо омадану н-омадани зебояш Раҳ ба раҳ кушт туро в-аз сари нав зод туро.