Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Худо, ки дод чунин хилқати мунир туро,

Худо, ки дод чунин хилқати мунир туро, Инояти азалӣ бод дастгир туро. Ба зери бол чу Симурғи Золизарпарвар Бимон, ки ҳифз кунад осмони пир туро. Фариди ишқ фиристад чу ваҳйи наврӯзӣ Ба шодбодии афроди замҳарир туро. Чӣ ҷойи ҳайрат, агар чашми маъсиятварзон Касиф бинаду наҳс, эй малакназир, туро. Дилам ҷаридаи субҳ асту Корсози азал Ба ин ҷарида пазируфт сардабир туро. Бимон, ай омада бар тозаофаринии мо, Ки растухези таҷаллост дар замир туро. Сипоси он ки сафираш туиву аз сари лутф Занад зи кунгураи осмон сафир туро.* *Матлаб аз Ҳазрати Ҳофиз аст, ки мегӯяд: Туро зи кунгураи арш мезананд сафир.