Густурд зиндагонӣ сад кӯча печу хамро,
Густурд зиндагонӣ сад кӯча печу хамро,
Дар ин даводави сахт афтондаам қаламро.
Таъхир мекунам ман дар истифодаи вақт,
Эй офтоби пешин, дарёб субҳидамро.
Қадри ҳамин нафасро нашнохтӣ, дили ман,
Рав, аз адам садо кун гумкардагони дамро.
Гуфтам ба шеър омин, хондам ба ишқ ёсин,
Ташвиш кард ташкил дар сина сад ғарамро.
Осон набошад, эй дӯст, дар зеҳни ин ҷамоа
То фикри дил кашидан андешаи шикамро.
Хӯрдам қасам, ки дигар ҳарфи сияҳ нагӯям,
Имрӯз бори садум бишкастаам қасамро.