Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Метавон бе ишқ ҳам рафтан давоми роҳро,

Метавон бе ишқ ҳам рафтан давоми роҳро, Баҳри бемеҳре намеарзад кашидан оҳро. Чун ҳама будан чӣ душвор аст баҳри чун мане, Боз бар то кӯчаи ғафлат мани огоҳро. Нангаристӣ аршро ё дарди гардан доштӣ, Эй, ки дар чоҳе тамошо карда будӣ моҳро. Баъд аз ин ҳаргиз наову дарди кӯҳафкан маёр, Ишқ, рав, дигар мадеҳ заҳмат мани худкоҳро. Чашмҳои ту наёмад бар тавофи чашми ман, Эй ҳаҷат ботил, магар гум кардаӣ даргоҳро?! Ҳоҷате набвад, ки номашро канам рӯи нигин, Ман, ки дар ёқути дил ҳак кардаам Аллоҳро. Қосиди ман бош, фарвардин, ба фардоҳо расон Баъди бидрудам саломи духти обонмоҳро.