Номам тарошхӯрда кунад гавҳари маро,
Номам тарошхӯрда кунад гавҳари маро,
Килкам шикасти бикр шавад дафтари маро.
Эй ҳастият - паноҳгаҳи охирини ишқ,
Мардӣ бикун, наҷот бидеҳ бовари маро!
Ёди лабам накун, ба шабистони шеър рав,
То аз лаби қалам бичашӣ шаккари маро.
Вақте ки тан ба сурати ҷон тарки ранг кард,
Зевар дигар чӣ кор кунад пайкари маро.
Мансур гуфт: Даҷла нагунҷад дигар ба пӯст,
Чун бишнавад Аналҳақи хокистари маро.
Дарёи хирқапӯш, чароям намедиҳӣ
Барномаи ману ту зи ҳам фарқ мекунад,
Танҳо тӯӣ, ки самт диҳӣ ахтари маро.
Эй ишқ, эй ҳаёти шакарнам даруни гул,
Дар дохили се ҳарф бубин маҳшари маро.