Боди саҳар, салом гӯ ғунчаи хомхобаро,
Боди саҳар, салом гӯ ғунчаи хомхобаро,
Дар кафи барг ҳак бикун сабзтарин китобаро.
Чирки ману зулоли ту, мисли ману мисоли ту
Кист, ки дида инчунин шабрави бесаҳобаро.
Пур-пури шабнам оварӣ, аз чаҳи Замзам оварӣ
Баҳри таҳорати чаман ҳар саҳар офтобаро.
Навгулии ману ту ку, булбулии ману ту ку,
Чуғзаму зеб медиҳам кӯҳнатарин харобаро.
Кулбаи пурсурури мо рашки тамоми қасрҳост,
Кабкпалав намедиҳад лаззати ин пиёбаро.
Дар сари мо чигил шуда фикру хаёли печ-печ,
Зӯр задам, наёфтам ҳеч сари калобаро.
Ман, ки пиёда меравам, фарши зумуррадӣ ниҳанд
В-ар ки зи кибр сар кашам, чаппа кунанд аробаро.
-Одам! Аё хитоби ман, арши ман, офтоби ман,
Ҷӯяму ҷӯям аз азал мавриди ин хитобаро.