Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ба куҷо занам, Худоё, сари дардманди худро,

Ба куҷо занам, Худоё, сари дардманди худро, Ба чӣ раҳ нишот бахшам дили ғамписанди худро. Ту ба шодии раҳоӣ қадаҳе бигиру хуш бош, Ки зи гарданат гирифтам ба ҳамин каманди худро. Бираву маро ба ман деҳ, мани хоркардаатро, Ки зи пастият бигирам назари баланди худро. Нагирифта буд чашмам, ки зи ту ситам биёяд, Зи худ интизор будам ситаму газанди худро. Зи пасам дуову нафрин, чӣ бигӯӣ, ихтиёрат, Ки фаротар аз ту бурдам дили арҷманди худро. Зи фалак, ки рухсат омад, раҳи бетуӣ гирифтам, Ки зи ботуӣ шикастам ҳама банд-банди худро. Ҳама нозукию лутфам, ҳама дилбарию покӣ, Ту на фанди ман бидодӣ, на чунон, ки фанди худро. Ба куҷо равонаам ман, ба чӣ шоми бесабоҳат, Кафанӣ гирифта бо худ варақи паранди худро.