Дирам дарҳам зада инсониятро,
Дирам дарҳам зада инсониятро,
Риё хӯрда фари рӯҳониятро.
Ба ҷавҳар гӯлахиӣ, дар рух-ашроф,
Кушудам сурати пинҳониятро.
Гадотабъо, гадо будиву мондӣ
Ба сад дебо кашӣ урёниятро.
Чу дар ҷайби чапат набвад зари сурх
Фурӯ зан шавкати кайҳониятро.
Раҳораҳ пахш кардӣ адлу инсоф
Чаронда мошини ҷопониятро.
Чӣ гӯям, эй тиҳии берисолат,
Ба самти ҳеч маҳмилрониятро.
Ба пеши ту ман истиғно барам, бас
Намепӯшад шафақ борониятро.
Нигаҳ кун дар лаҷанзори залолат
Фитода фахри ҷовидониятро.
Чу Азроил ояд, ришва бигзор
Ба ҷайбаш доллару сомониятро.
Вале, афсӯс, натвонӣ раҳо кард
Зи бархӯрди аҷал пешониятро.