Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Субҳи обӣ, субҳи обӣ, чатри нилуфар кушо,

Субҳи обӣ, субҳи обӣ, чатри нилуфар кушо, Гиря кун, абри ҳиҷобӣ, дар садаф гавҳар кушо. Лаззати васли маро бо рӯшанӣ эҳсос кун, Панҷара, бар шодбоди субҳ чашми тар кушо. Олуи шодоб аз шарми балоғат сурх шуд, Себ, эй себи гулобӣ, ханда зан, шаккар кушо. Ёсуман мактуби атрогини ман бар номи туст, Он димоғи бастаро бо номаи анбар кушо. Ҳафт шаҳри ишқро паймудан оғози раҳ аст, Ҳолиё, то ман раҳат дур аст, эй кишваркушо. Субҳ як пироҳан асту зери пироҳан манам, Дар кушо, то субҳро оғӯш гирӣ, дар кушо.