Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Милод муборак, эй накӯахтари мо,

Милод муборак, эй накӯахтари мо, Эй меҳрнажоди мову эй меҳтари мо. Милод муборак, эй банӣ Садри Зиё, Имрӯзфурӯзи мову фардобари мо. Хуршедсулолаиву оинасулул, Яъне, ки туӣ, ту покии ҷавҳари мо. Гулчини ҳама накӯии дунёӣ, Феҳристи каломи пурбаҳору тари мо. Ҳам рафтаи моиву ҳам ояндаи мо, Ҳам хотимаву ҳам абҷади дафтари мо. Дар сӯги Бухороем, аммо бари мост Он ки зи Бухорост, Бухоротари мо. Боре ба тавофи ин Бухоро оед, Бинед шукӯҳи маъбаду машъари мо. Ҳарчанд ки нақши сунъи обонмоҳӣ, Наврӯз туӣ, ки омадӣ бар дари мо. Бошӣ, чу сутунмӯҳраи миллат бошӣ, То такя кунад ба буди ту бовари мо. Аз себ бигӯ ба боғи бедониши мо, Аз ишқ бигӯ ба лолаи аҳмари мо*. *Муборакномаи милод дар 80-солагии устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ