Баркандагӣ мабод дар ин ҷамъи ҷӯри мо,
Баркандагӣ мабод дар ин ҷамъи ҷӯри мо,
Ҳар субҳ бод номабиёри сурури мо.
Чашмони дӯст шишаи моро булӯр дид,
Дар чашми хасм шиша намояд булӯри мо.
Карнайгулему сабки хамӯшӣ гузидаем,
Карнай занад дарун ба дарун шавқу шӯри мо.
Бо як қалам ба зидди ту бар ҷанг омадем,
Гарчӣ намерасад ба ту, эй вақт, зӯри мо.
Як умр баски бо ҳама кас нарм будаем,
Мешармад аз дуруштии худ санги гӯри мо.
Эй зиндагӣ, бигӯ, ки дар ин муддати мадид
Дигар шудӣ ва ё нашудӣ бо ҳузури мо?!
Меранҷад офтоб, агар тирагӣ кунем,
Чун ӯст вомбарги тилоии нури мо.
Як илтимос мекунам аз ишқ, то шавад
Охирфурӯзи ин раҳи наздику дури мо.