Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Қувваи ҷозибаи Нютон аст қувваи ҷозибаи

Қувваи ҷозибаи Нютон аст қувваи ҷозибаи Мавлоно, Балки садчанд фузун аз он аст қувваи ҷозибаи Мавлоно. Асли ишқ аст, ки бебурҳон аст қувваи ҷозибаи Мавлоно, Дурри ҷон дар садафи найсон аст қувваи ҷозибаи Мавлоно. Аршпаймову заминҷавлон аст қувваи ҷозибаи Мавлоно, Чӣ қадар ҷозибаи пинҳон аст қувваи ҷозибаи Мавлоно. Чӣ басо ҷозибаи тобон аст қувваи ҷозибаи Мавлоно, Ваҳйи Эзид ба дили инсон аст қувваи ҷозибаи Мавлоно. Илми беқоидаи осон аст қувваи ҷозибаи Мавлоно, Он чӣ ман фаҳм накардам, он аст қувваи ҷозибаи Мавлоно.