Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ташхис кун диламро, эй Бӯалии Сино,

Ташхис кун диламро, эй Бӯалии Сино, К-ин хатти печ дар печ танҳо турост хоно. Чун хори гул зи гулдон дар чашм менамояд Доғе, ки менуҳуфтам зери қабои раъно. Дар тоқи синаам монд сад ҷилди бастаи меҳр, Ҷон додаму касе ҳам боре нагуфт «ҷоно». Перор дида будам дар пойтахти Афранг Як бонуи ҳиҷобӣ мерафт бар казино. Вақте ки мегузаштам аз чоркӯчаи сабр, Масте нишон медод дар байни халқ кино. Сад таҷриба кунандат бо зарбаи паёпай, Аҳсан, ки метапӣ боз, эй дил, дили тавоно. Аз ишқу замзами ӯ Замзамсиришт шуд Сир, То Мевағул ҳам омад атри насими Мино. Эй олами тунукмеҳр, аз ту наям хунукмеҳр То вопасин тапидан, то охирин таманно.