Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Шабест рӯшан, шабест зебо,

Шабест рӯшан, шабест зебо, ҳилоли наврас чу дасти Мӯсо, Шабошаб анвар, шабошаб афшон зи тоқи мино ба боғи дунё. Шаби масеҳӣ чу сабҳа барканд дури кавокиб ба ҳар сӯ афканд, Кунун ба ихлос кунад ҳамоил ба гардани худ салиби маҳро. Саҳар чу бинӣ ба шабнами гул нигаҳ фурӯзӣ, вале надонӣ, Ки ашки худро ба хотири ту фишондам имшаб ба боғи гулҳо. Ба хотири ту, ки ҳастиямро зи ҳастии худ хуҷиста кардӣ, Чӣ зиндагие, ки офаридам зи ними ҳастӣ, зи ними рӯъё. Ало нишаста, сари фарозе надорам аз ту ҷуз ин ниёзе, Ки дар ҷабинат ҳамеша монад чунин фурӯзон фари таҷалло. Чу бадгумонӣ ба кофариям, бале, нигаҳ кун гунаҳвариям, Бале, нигаҳ кун, ки тоза гардам аз он нигоҳи гуноҳполо. Зи ноумедӣ мағор бастем, зи доми дунё бурун нарастем, Биё, аз ин пас дубора бандем умеди дилро ба субҳи фардо. Биё, аз ин пас ба шукри будан қиём бахшем ба хуни ҳар дам, Биё, бирезем чу мавҷи хуршед, биё, хурӯшем шабиҳи дарё. Ду ошноем дар ин раҳи дур, равандагонем ба кишвари дур Ману таманно, ману таманно, ману таманно, ману таманно.