Ғукон нишеман кардаанд андар булӯрин обҳо,
Ғукон нишеман кардаанд андар булӯрин обҳо,
Ман ҳурии нилуфарам рӯида дар мурдобҳо.
Чун чашм бикшодам яке, чашми ҳақиқат баста буд,
Печидам аз нав хешро дар парниёни хобҳо.
Бо омади номаҳрамон яксар фирор овардаанд
Аз субҳи ман хуршедҳо, аз шоми ман маҳтобҳо.
Бо нозбунёде чун ман офоқ тундӣ мекунад,
Нӯшобаи дил хушк шуд то мақдами дилёбҳо.
Оҳ, ин сарои кӯзпушт бас фитна дорад дар сиришт,
Ҳар дам ба берун сар кашанд аз кӯзаҳо Хаттобҳо.
Дар ҷустуҷӯи равзане дар ғор раҳ гум кардаам,
Охир барандам бар куҷо беқиблаву меҳробҳо?!