Чаман андар чаман гӯям муборакбодии гулҳо,
Чаман андар чаман гӯям муборакбодии гулҳо,
Ки барпо мешавад имшаб шаби эҷодии гулҳо.
Ҳуруфе дорам, аммо андалебон сахт меранҷанд
Зи бемаҷнунии гулгашту бефарҳодии гулҳо.
Манам ҳамшаҳрии лола, манам ҳамрустои ёс,
Пас аз сад қарн ҳам шояд чамам дар водии гулҳо.
Дило, садбарги асрори туро ман нашр хоҳам кард
Ҳамин ҳоло, ки фурсат ҳаст то барбодии гулҳо.
Биё, то бар зиҳозеҳ хирмани гулро барафшонам,
Бизӣ, бо ханда зӣ, фархунда зӣ бар шодии гулҳо.