Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Рафтем, гули мино, рафтем ба гулшанҳо,

Рафтем, гули мино, рафтем ба гулшанҳо, Бар хотири ман овар шодии шукуфтанҳо. Бо духтари афсона дар боғи Ирам будам, Дар маҳфили райҳонҳо, дар масҷиди савсанҳо. Дар қисмати мову ту дигар чӣ қадар монда Аз ин даю фарвардин в-аз озару баҳманҳо. Бо чанд асомижгон дунболи кӣ мегарданд Ду мардумаки пирам дар кӯчаву барзанҳо. Дар маснади инсонӣ биншину таҷаммул кун, Бошад, ки фақат бошӣ болотар аз аҳсанҳо. Бар беваю бечора дарёи карам гаштӣ, Вақте сари як дирҳам ларзанд таҳамтанҳо. Гар дӯстии мо ҳам рӯзе бишавад охир, Якдонаи ман монӣ, як дона зи хирманҳо.