Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Субҳ омад бар муборакбодии бедорҳо,

Субҳ омад бар муборакбодии бедорҳо, Зери анбон чанд субҳе монда, эй саршорҳо. Медавад аз субҳи солеҳ офтоби сурхрӯ Ҳамчу тифлии ману ту сар-сари деворҳо. Асли ман дар ҳола пинҳон монд, як сарҳадшикан Дил накарду барнаҷаст аз симбанди хорҳо. Ин заифони ҳубобӣ бо паропар мекунанд Хешро тасдиқҳову ғайрро инкорҳо. Ҳосидеро гуфтам: эй арзанзамири кӯҳхор, Қулла шав в-он гаҳ бизан хуршедро минқорҳо. Зиндагонӣ мекунад дар жандаи садсолае Навҷавонии гурусна бо пули идрорҳо. Рустамӣ бояд туро, эй насли фардоофарин, Кӯр шуд имрӯзи ту дар кӯчаву бозорҳо. Гар паёми корсози ғайбро мебишнавӣ, Кори ту боре намеафтад ба соҳибкорҳо. Дӯст, бар ёди башар аз нав биёвар ишқро, Варна ҷавҳарҳо бигирянд аз таҳи зангорҳо. Чун туеву чун манеро бар ғубористони куфр Мефиристад осмон бар шустани пиндорҳо. Эй тамомият савоб андар гунаҳзори шубоб, Аз чӣ хоҳӣ тавба кардан фасли истиғфорҳо.