Худкушӣ ҳам осон аст аз худофариниҳо,
Худкушӣ ҳам осон аст аз худофариниҳо,
Боядам раҳе бикшод аз гираҳҷабиниҳо.
Одиву заминиям байни осмониён,
Осмониям, оре, байни ин заминиҳо.
Партави дарун афрӯз, баски ҳеч пайдо нест,
Дар салони зебоӣ асли нозаниниҳо.
Лай-лаи суруру базм в-ин даводави беназм
Мебарад маро охир сӯи чиллашиниҳо.
Пайки гул намеояд бар тиҳигаҳи гулдон,
Пушти ёд мемонад фасли ёсаминиҳо.
Аз миёни суратҳо чеҳраи шакарханде
Боғ-боғ менозад ғарқи ангубиниҳо.
Эй ба бадгилӣ бадном, дар ту ҳусн меҷӯям,
Чашми ман намуд оғоз сабки нағзбиниҳо.
Боз ҳам башорат деҳ, гарчӣ бо мурури вақт
Фарбеҳӣ шуду пучӣ як чаман маҳиниҳо.
Ҳолиё напажмурда лолаи ниҳони дил,
Ҳолиё ту ҳам дорӣ завқи лолачиниҳо.