Бояд канора ҷуст зи бархурди хомаҳо,
Бояд канора ҷуст зи бархурди хомаҳо,
Ин размро хуҷаста набошад идомаҳо.
Ноқобилӣ бубин, ки муқобил нишастаанд
Як сӯ кулаҳфарангу дигар сӯ амомаҳо.
Берифъатему хидмати ҷавҳар накардаем,
То кай буванд ҷомеаҳо ҷамъи ҷомаҳо.
Табрик гӯ, ки дар таҳи ин барфгӯри наҳс
Бӯи баҳори тоза шуниданд шомаҳо.
Барҳақ туӣ, ки хоссатаринӣ зи хоссаҳо,
Оре, манам, ки оматаринам зи омаҳо.
Як хат нахондаему ғарибона гум шуданд
Як-як зи бемухотабии хеш номаҳо.