Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Хаста мешавӣ рӯзе аз чарову аз чунҳо,

Хаста мешавӣ рӯзе аз чарову аз чунҳо, Хаста аз Арастуҳо, хаста аз Фалотунҳо. Дар замони компутар ҳамчу шохи динозавр Дар музей ҳам набвад устухони Маҷнунҳо. Духтаре маро гӯяд, ин баҳор, эй хоҳар, Дар ҳаётам афзун шуд чаҳ-чаҳи телефунҳо. Нимашаб тапӣ, эй дил, шодмон зи пайки ғайб, Як ту, як ту медонӣ лаззати шабохунҳо. Ишқ низ меояд рӯи лолабарги дил Чун чаратсаи шабнам аз даҳони гардунҳо. Лаҳзае заифона, лаҳзае латифона Дасту по занад фикрам зери фоилотунҳо. Чашмҳои ман хоҳанд фатҳи чашмнорас кард, Аз ҷавоб нагрезанд ин шикастақонунҳо. Дӯст, дӯст, ёрӣ кун, бо ҳам, эй шафақтаркиб, Қалбҳои чиркинро мезанем собунҳо.