Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй табиби ғайб, эй хуршеди фарвардин, биё!

Эй табиби ғайб, эй хуршеди фарвардин, биё! Доруи нурам фирист аз сӯзани заррин, биё. Чун сияҳгӯш аз бари доман бияфшон барфро, Растухезе кун, зи мағзи донаи таҳшин биё. Дар лабонат ҷӯйборе соз аз ҳарфи хушоб, Лутф кун, Фарҳоди ман, бар хидмати Ширин биё. Дӯст гӯяд: Модарам рафту гуле дар гӯш бурд, Ёди ӯ хонад, ки бар гӯри гули насрин биё. Дӯстро гуфтам: Мусаллам шав ба шодии баҳор, Шукрро марҳам бинеҳ, бар синаи захмин биё. Даст зан бар қалби ман чун бар пиёнуи қадим В-ин навои сабз андар сабзро бигзин, биё. Ишқ дар барномаи ин қарни мошинсоз нест, Ҷавҳари нарме ниҳон дар пайкари рӯин, биё. Садқаи дастори сабзат, хутбае хон, эй баҳор, Рӯҳи бодиро бикун бар барги гул кобин, биё.