Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Субҳи меъроҷи шабнам аст, биё,

Субҳи меъроҷи шабнам аст, биё, Зиндагӣ як ҳамин дам аст, биё. Омад аз осмону вопас рафт, Қатра-Исии Марям аст, биё! Тундбоде ҷанозаи гул бурд, Дар чаманхона мотам аст, биё. Лутф кун, эй абири лоҳутӣ, Ба дамоғе, ки маҳкам аст, биё. Аз ту ёқути сурх бистонам, Ки дар он исми аъзам аст, биё. Хӯрданӣ нест, диданист биҳишт, Вақти ислоҳи Одам аст, биё. Вом гир аз тулӯъи оина, Ки ба нурат мусаллам аст, биё. Ту наё, варна сад маҳал оӣ, Боз гӯям, ки ин кам аст, биё. Ба мани ташна аз ҳузури ғайр, Эй ки ғайби ту маҳрам аст, биё.