Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Боғ омода ба таҷлили баҳор аст, биё,

Боғ омода ба таҷлили баҳор аст, биё, Дар раги барг сабо набзшумор аст, биё. Осмон омаду дар ҷӯ тани урёнро шуст, Ёди ман ёди туро оинадор аст, биё. Кӯшиши лок дар ин нохуни беҳавсала чист, Нохуни субҳи ҳинобаста нигор аст, биё. Дӯст, рафтиву нагуфтӣ, сабаби қаҳр чӣ буд, Бо туям бори дигар гуфтугузор аст, биё. Ишқ дарбаста ба ман буду кунун аз сари лутф Телефун зад ба ману гуфт, ки кор аст, биё. Чашми ваҳшии туям дод паёми Маҷнун, То дар абрӯи камон шавқи шикор аст, биё. Охир, эй ишқ, биё, сабки ҷадидам омӯз, Дар дили кӯҳнаи ман нағмаи пор аст, биё.