Гул ба гул омадӣ, баҳор, биё,
Гул ба гул омадӣ, баҳор, биё,
Офтобона худнисор, биё.
Лутф кун, то дубора кор ояд
Дили соқит зи эътибор, биё.
Кори ман мавсимиву кори ту ҳам,
Баҳри роҳат наё, ба кор биё.
Ба ту ишқи парастувона марост,
Ту ба ин ишқ шак наёр, биё.
Ман агар бадтарам зи порина,
Ту накӯӣ, накӯ зи пор, биё.
Турши моро бизан ба ширинӣ,
Шаккаристони Кирдигор, биё.
Толиби мӯҳри юсуфонаи туст
Ҳафт авроқи интизор, биё.
Мани фонӣ як омадан дорам,
Туйи боқӣ ҳазор бор биё.