Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дилам хун, дилам хун, дилам хун, Худоё,

Дилам хун, дилам хун, дилам хун, Худоё, Худоё, мадад кун, ҳам акнун, Худоё. Магар чашми каҷ дорам, ин ки бидидам Фалакро чу тоқии ворун, Худоё. На ман меравам андар ин роҳи нохоҳ, Касеям кашонад ба афсун, Худоё. Тулӯе бидеҳ охирин ғунчаамро Дар ин фасли шодоби гулгун, Худоё. Чу тасвири дардам, ки хоҳам биронӣ Аз оинахона ба берун, Худоё. Бимон, субҳ бошам, ки бо нури пар-пар Занам бар шабистон шабихун, Худоё. Бимон, чашми ман пар барорад зи шодӣ Зи дидори ёри ҳумоюн, Худоё. Дар ин олами садқабову бараҳна Бигӯ, чун бибошам, бигӯ, чун, Худоё?!