Ту, эй чароғи ҳидоят, ту, эй фурӯғи савоб,
Ту, эй чароғи ҳидоят, ту, эй фурӯғи савоб,
Фитодаем дар ин кӯрараҳ, ба мо бартоб.
Ба ҳиҷла рафтию моро дигар намебинӣ,
Ки рӯи ҳазрати Ҳақ дидаӣ бидуни ҳиҷоб.
Ту равзане ба бақо боз кардаӣ, алҳамд,
Вагарна шашдараи мост ҳечтар зи ҳубоб.
Ба рӯҳи худ чӣ хуронам, ки гушна мемирад,
Дар ин ҷамоа, ки мастанд аз шаробу кабоб.
Дар ин маҳал ҳама хубем, хубтар аз хуб,
Дар ин макон ҳама хобем, хобтар аз хоб.
Шабон нишастану бо хома ишқ варзидан
Барои туст ҳаловат, барои мост азоб.
На хома аст, калиди дари сабоҳ аст ин,
Кушой дар, ки дарояд ба ханда субҳи савоб.
Бирез субҳи сафоро ба ҷони душману дӯст,
Ба ҳар кӣ дузд бувад, ҳадя кун шаби маҳтоб.
Ба он ки шабпаракӣ кард, офтобаш деҳ,
Ба он, ки чанг барорад, бибор ашки саҳоб.
Ба шарҳи вожаи ҳастӣ чӣ метавонӣ гуфт,
Ки ҳалли он на зи худ ёфтему не зи китоб.
Куҷост қибла, куҷо раҳ, куҷост нуқтаи хатм,
Ту, эй чароғи ҳидоят, ту, эй фурӯғи савоб?!