Аз паси хона мерасад шарфаи пои офтоб,
Аз паси хона мерасад шарфаи пои офтоб,
Эй дили субҳбохта, хез, шитоб кун, шитоб.
Хоби абад, ки дар пай аст, хез ба ҷашни зиндагӣ,
Гӯй, ки чист зиндагӣ баъди ҳазор соли хоб.
Бо нафасат варақ бизан шоҳкитоби сурхи гул,
Варна муқова меканад нохуни бод аз он китоб.
Қалби чу чархболи ман, меҳру умеду ишқро
Чун хати таҳният бирез сар - сари кӯчаи савоб.
Шамс ба ҳаққи хидматаш пайса нагирад аз замин,
Хайру сахо нисор кун, лек маҷӯ, маҷӯ ҷавоб.
Боз ба шавқи мақдаме об занам ба саҳни дил,
Ё ба қудуми рӯзи нав об занам ба кӯча об.
Бори дигар кушодаам ҳафт дари маҷозро,
Аз паси хона мерасад шарфаи пои офтоб.