Дайро кушад нигоҳи нигаҳбанди офтоб,
Дайро кушад нигоҳи нигаҳбанди офтоб,
Мусиқии дирафши зафарманди офтоб.
Субҳонаи нигоҳи башоратпазир чист,
Қанди сафеди субҳу шакарханди офтоб.
Ишқи муғонааш, ки фалакҷӯш мешавад,
Гул мекунад мутолиаи Занди офтоб.
Савганд хӯрдааст ба нурофарандагӣ,
Кай дидаӣ шикастани савганди офтоб?!
Ман ғайри ишқ ҳеч касеро надидаам
Яктои бенамуна ба монанди офтоб.
Номи ту чист, номи азизат, бигӯ, ки чист,
Эй вориси баҳору пасованди офтоб.
Чун Ҷабраил ҳар дили дардозмударо
Пайванд соз бо дили хурсанди офтоб.
Нӯҳ осмон, ки танг шавад, мекунад қиём
Маҷрои нур дар рагу пайванди офтоб.
Ҷоно, иҷоза деҳ, ки фиристам даме дигар
Алҳамди беадад ба Худованди офтоб.