Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Парда туӣ, роз туӣ, эй ҳабиб,

Парда туӣ, роз туӣ, эй ҳабиб, Парда фитад, боз туӣ, эй ҳабиб. Номи ту бигрифтаму боло шудам, Матлаъи парвоз туӣ, эй ҳабиб. Ишқ туӣ, ишқ туӣ, ишқ ту, Ишқи ҷаҳонсоз туӣ, эй ҳабиб. Оинаам, оинаам, оина, Оинапардоз туӣ, эй ҳабиб. Қуфл зад аз сардии шаб гӯши ман, Гармии овоз туӣ, эй ҳабиб. Косаи чашмам, ки пур аз об шуд, Пири дамандоз туӣ, эй ҳабиб. Нест ба ғайри ту касе, нест, нест, Боз туӣ, боз туӣ, эй ҳабиб.