Шаб, эй шаб, эй шаб, шаби лаболаб,
Шаб, эй шаб, эй шаб, шаби лаболаб,
Шаби лаболаб зи себи кавкаб.
Дилам чун олуст, пур аз талолуст
Пур аз талолу чу моҳи Нахшаб.
Бихонд борон чаҳорпора,
Чаҳорпора ба вазни ахраб.
Уруҷ хоҳад диле, ки нолад
Диле, ки нолад зи ранҷи қолаб.
Зи бӯсаи шаб шукуфта ёдат,
Шукуфта ёдат дар оташи таб.
Дил, эй дили ман, чу ниниӣ ту,
Чу ниниӣ ту, нарав ба мактаб.
Ҳазор кардам, намурд ин ишқ,
Намурд ин ишқ ба хӯрдани ҳабб.
Ба ҳар чӣ бинам, зи ҳар чӣ гӯям,
Зи ҳар чӣ гӯям, туӣ мухотаб.
Туӣ, туӣ, ту наҷоти ҷонам,
Наҷоти ҷонам - каломи «Ё Раб!»