Ҳавои рӯҳи маро тоза кун ба омаданат,
Ҳавои рӯҳи маро тоза кун ба омаданат,
Биҳиштро ба замин кӯч деҳ ба як суханат.
Чаро ба таҳнияти хуфтагон намеояд
Паёми субҳфурӯзат, тулӯъи шабшиканат?!
Қасам ба ишқ, ки рашки фаришта хоҳам шуд,
Агар ба ман бифишонӣ ғубори пираҳанат.
Чу арғувони дилам армуғони наврӯзист,
Бигир, садқаи теғи нигоҳи решаканат.
Туро тамомии офоқ дӯст медорад,
Яқин, ки дӯст надорад касе фузун зи манат.