Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҳама оғози неки ман зи дидори нахустинат,

Ҳама оғози неки ман зи дидори нахустинат, Ба дил чизе намегунҷад ба ғайри ёди ширинат. Сиёҳӣ мезанад чашмам зи дарди дурият ҳар дам, Ба пеши чашм меояд ба ҷавлон мӯи мушкинат. Ман он чолоки шайтонам, ки худро мезанам ҳар сӯ, Маро аз худ кунад бехуд нигаҳҳои батамкинат. Агарчи ёди ту дар сар бибурдам хешро аз ёд, Маро ҳаргиз намебинад нигоҳи чашми худбинат. Чу ту бо теғи хунсардӣ дили моро қалам кардӣ, Қалам ҳам теғ мегардад кунун бар разму бар кинат!