Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Бас, дигар нахоҳам буд сарнагуну парканда,
Бас, дигар нахоҳам буд сарнагуну парканда, Рафтаро раҳо кардам, ассалом, оянда. Чун ба шабнами чашмам офтоб нозил шуд, Ханда мурд аз гиря, гиря мурда аз ханда.
Худхорагӣ дигар бас, эй дил, худофарин шав,
Худхорагӣ дигар бас, эй дил, худофарин шав, Бо сабки нав тапиш кун, навсавту навтанин шав. Дар гӯша занг бастӣ, гуфтам, қафасшикан бош, Майдонхиром гаштӣ, гуфта
Ҳанӯз дар раги гул, эй баҳор, ҷорӣ шав,
Ҳанӯз дар раги гул, эй баҳор, ҷорӣ шав, Ба шавқу нашъаи перору пор ҷорӣ шав. Дигар рисолати худро намефурӯшам ман, Ба об гӯй, ки дар ҷуйбор ҷорӣ шав.
Биё, василаи дил бастанам ба дунё шав,
Биё, василаи дил бастанам ба дунё шав, Муаллифи ҳама оғозҳои зебо шав. Чу ишқро набувад мақтаъу хулосаву хатм, Беҳин муқаддимаи як ҷаҳон таманно шав.
Биё, фарёди ҷону дил зи байни обу гил бишнав,
Биё, фарёди ҷону дил зи байни обу гил бишнав, Бурун аз обу гил ҳарфе, биё, эй ҷону дил, бишнав. Агар оинаӣ, чашмобачашмат лол хоҳам монд, Шабеҳи шона ову мӯ ба
Бар лаб биёмад ҷони шаб, боди саҳар, ёсин бигӯ,
Бар лаб биёмад ҷони шаб, боди саҳар, ёсин бигӯ, Чун шаб бимурд, алҳамд хон, омин бигӯ, омин бигӯ. Гар ман фаромӯши туам, бошад, вале баҳри савоб Телфун бизан ба
Бар кӯҳи Чилмеҳроб рав, он арчаи танҳо биҷӯ,
Бар кӯҳи Чилмеҳроб рав, он арчаи танҳо биҷӯ, Дар Чашмаи Нийят нигар, ҳусни хати дарё биҷӯ. Рав, соядасташро бихон дар барг-барги ҳар дарахт, Устоди Маҷнуни маро
Ҳарфи аҳуроӣ бигӯ, ҳарфи аҳуроӣ бигӯ,
Ҳарфи аҳуроӣ бигӯ, ҳарфи аҳуроӣ бигӯ, Аз гул бигӯву субҳнам, аз асли зебоӣ бигӯ. Ин ҷӯйбори аллахон гаҳвораҷунбони шаб аст, Дарди маро парпеч кун, эй ёр, лолоӣ
Мавҷгардон кард дилро чашми дарёии ту,
Мавҷгардон кард дилро чашми дарёии ту, Бар дили ман то қиёмат бод мавлоии ту. То қиёмат, кош, полояд, аё мавлои субҳ, Ин фазои тираро рӯҳи аҳуроии ту.
Ҷони манӣ, ҷисм магӯ, ҷон бигӯ,
Ҷони манӣ, ҷисм магӯ, ҷон бигӯ, Нойи манӣ, сирри найистон бигӯ. Ҳаҷр нишот аст, фаротар зи васл, Шукри ҳамин лаҳзаи ҳиҷрон бигӯ.
Бигӯ ҳеч, ҷуз ҳеч чизе нагӯ,
Бигӯ ҳеч, ҷуз ҳеч чизе нагӯ, Ки мегирадат ҳар сухан аз гулӯ. Чу ман абра гӯям, кунанд астараш, Намоянд садборааш пушту рӯ.
Эй дил, эй дил, то кайӣ бар худ адӯ,
Эй дил, эй дил, то кайӣ бар худ адӯ, Аз дуӣ бигзар, як Ӯ бигзин, як Ӯ. Баски ларзон аст имонат ҳанӯз, Лағж-лағжон меравӣ, эй ҳарзапӯ.
Субҳи фардо тулӯи номи ту
Субҳи фардо тулӯи номи ту Мениҳад нуқта дар зуломи ту. Дили ман ғоибона меварзад Умрҳо ишқу эҳтироми ту.
Охир аз қайди ғамам бар шуд дили озоди ту,
Охир аз қайди ғамам бар шуд дили озоди ту, Офарин, эй беназири ман, ба истеъдоди ту. Дар дилат гарди муҳаббат буду он ҳам пош хӯрд, Бар тасаллият равам ё бар му
Даст ба кору дил ба ёр, ёр куҷову кор ку,
Даст ба кору дил ба ёр, ёр куҷову кор ку, Бо чӣ шитоб омадам, вой, ки интизор ку? Рӯд, ки хушк шуд, чӣ монд, қатраи охирин куҷо, Қофила рафт, рафт, рафт, аз пай
Танҳо ба Туст, бар Туи танҳо хитоби ман,
Танҳо ба Туст, бар Туи танҳо хитоби ман, Эй ёри офтобтар аз офтоби ман. Аз гандагии вақт нанолам, ки бо манӣ, Эй нағзтар зи хотираҳои шабоби ман.
Занг зан, занг зан, садоям кун,
Занг зан, занг зан, садоям кун, Дил ба дил, ҷон ба ҷон салоям кун. Эй қафасбанди растагортарин, Бо паёме қафаскушоям кун.
Эй пири сухан, як мадад аз баҳри Худо кун,
Эй пири сухан, як мадад аз баҳри Худо кун, Дар кунҷи лабам ҳарф гираҳ баст, раҳо кун. Аз ман мараву оҷизу танҳо магузорам, Бо ман ту бимону сухан аз муъҷизаҳо к
На диниям, на дунёӣ, киям ман,
На диниям, на дунёӣ, киям ман, На дирӯзӣ, на фардоӣ, киям ман. Чӣ ҳам пурсам зи ёрони заминӣ, Бигӯ, эй ёри миноӣ, киям ман.
Муборакбоди милодат, шаҳи урдибиҳишти ман,
Муборакбоди милодат, шаҳи урдибиҳишти ман, Зи абри ғайб менозам, ки меборад ба кишти ман. Зи қавми сустунсур мебурад ин солики танҳо, Маро то худ гароиш деҳ, ал
Чамон шав чун сафедорони гулшан,
Чамон шав чун сафедорони гулшан, Ба каф хуршедро гиру дуҳул зан. Чӣ сар кӯбӣ ба девори битонӣ? Биё, дар барги гул бигзин нишеман.
Туҳфа кун танҳоии худро ба танҳоии ман,
Туҳфа кун танҳоии худро ба танҳоии ман, Эй шукуфта дар ғуруби бетаманноии ман. Кош, мепайваст дар поёни шаҳри Интизор Ҷони дарёии ту бо ҷони дарёии ман.
Барвақт шодӣ мекунӣ бо фатҳи бас осони ман,
Барвақт шодӣ мекунӣ бо фатҳи бас осони ман, Эй ёри киштибони ман, инак, туву тӯфони ман. Ин аз ҷунун бебаҳраҳо, ин беғаму безаҳраҳо Дар кунҷи ороме хазанд ошуфт
Боре ба ман саодати дидор ҳадя кун,
Боре ба ман саодати дидор ҳадя кун, Самти дигар ба гунбади даввор ҳадя кун. Бедории хуҷаста ба хобидагон фирист, Хобе куҳан ба мардуми бедор ҳадя кун.
Ман омадам, ки гӯям: Ишқ аст миллати ман,
Ман омадам, ки гӯям: Ишқ аст миллати ман, Ишқ аст миллати ман, аслу ҷибиллати ман. Чун номи ман ба номат дар осмон рақам шуд, Бо туст сабз дар сабз милоду реҳла

