Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Зи сӯзи ишқи ту з-он гуна дӯш тан месӯхт
Зи сӯзи ишқи ту з-он гуна дӯш тан месӯхт, Ки ҳар нафас зи таи сина пираҳан месӯхт. Ҳодиси ишқи туро то навишт мекардам, Сипандвор нуктаат бар сари сухан месӯхт.
Ишқ то зад ба дилам оташи расвоиро
Ишқ то зад ба дилам оташи расвоиро, Баргузидам зи ҷаҳон гӯшаи танҳоиро. Қасди ман баҳри нигоҳе зи мурувват дур аст, Кас гунаҳкор накардаст тамошоиро.
Гар парда бар фитад зи гули тозадоғи мо
Гар парда бар фитад зи гули тозадоғи мо, Оташ фитод зи рашк ба гулҳои боғи мо. Бо он ки сар зад аз дили ман шуълаҳои оҳ, Равшан кунад зи боди ҳаводис чароғи мо.
Оташи ишқи ту дар дил булбулу парвонаро
Оташи ишқи ту дар дил булбулу парвонаро, Бодаи шавқи ту бар лаб соғару паймонаро. Аз шиканҷи зулфи ту ҳосил нашуд ороми дил, Оқибат кардӣ ба по занҷир ин девона
Фасли баҳор мерасад, бодаи хушгувор ку?
Фасли баҳор мерасад, бодаи хушгувор ку? Бар сари раҳ нишаста гул, замзамаи ҳазор ку? Гул ба чаман кушод даст чодари чархи нилгун, Соғари айш кард пур ғунча зи м
Офтоби ҳусн ҳар ҷо оташафшон мешавад
Офтоби ҳусн ҳар ҷо оташафшон мешавад, Соябонаш турраи зулфи парешон мешавад. Гар ба чашми тарбият бинад фурӯғи офтоб, Ҳар куҷо санге бувад, лаъли Бадахшон мешав
Бар муроди мо на ин гардуни дун кам меравад
Бар муроди мо на ин гардуни дун кам меравад, Бар муроди дигарон ҳам гардани хам меравад. Ин дилозорӣ фалак бо мо на танҳо мекунад, Расму ойин аст, к-аз даврони
Бе рӯи ёр бода бинӯшад касе чаро?
Бе рӯи ёр бода бинӯшад касе чаро? Рӯи риё ба ишқ фурӯшад касе чаро? Не нолае ба синаву не ашки ҳасрате, Бар рӯи булбулон нахӯрӯшад касе чаро?
Оташафрӯз шуда, то пари парвонаи мо
Оташафрӯз шуда, то пари парвонаи мо, Рӯшноӣ надиҳад шамъ ба кошонаи мо. Дида то чанд фишонад дури ашкам? Сад ҳайф Муфт рафт аз кафи мо гавҳари якдонаи мо.
Чанд дилро орзу дидани гулзорро?
Чанд дилро орзу дидани гулзорро? Саҳни қафас гулшан аст мурғи гирифторро. Дил, ки гарав шуд ба ишқ аз ғами ҳиҷрон чӣ бок? Ваъда қиёмат бувад толиби дидорро.
Маҳраме ку, то бигӯям қасди он маккора чист?
Маҳраме ку, то бигӯям қасди он маккора чист? Боиси чандин ситам бар хонумоновора чист? Мерабояд ҷазбаи ишқи ту дилро аз кафан Дар чунин расво шудан ҷурми мани б
То ном зи ишқи ёр бурдем
То ном зи ишқи ёр бурдем, З-оинаи дил ғубор бурдем. Азбаски зи дида хун фишондем, Равнақ зи гули баҳор бурдем.
Дорои сабр шуд диламу қалби туст сахт
Дорои сабр шуд диламу қалби туст сахт, Ҳастем санги сахт ману ту ба роҳи ишқ.
Ҳар кас ки майи ишқ ба ҷомаш карданд
Ҳар кас ки майи ишқ ба ҷомаш карданд, Аз дурдии дард талхкомаш карданд. Гӯё ҳама ғамҳои ҷаҳон дар як ҷо Ҷамъ омада буд, ишқ номаш карданд.
Ғам дораму ғамгусор мебояду нест
Ғам дораму ғамгусор мебояду нест, Дар дасти ман он нигор мебояду нест. Дарди сара агар намебояду ҳаст, Ташрифи ҳузури ёр мебояду нест.
Эй симзақан, ин чӣ даҳону чӣ лаб аст?
Эй симзақан, ин чӣ даҳону чӣ лаб аст? Ин хол чӣ холу ин чӣ зулфи аҷаб аст? Рӯи ту дар он ду зулфи мушкин чӣ аҷаб? Ҳар рӯз, ки ҳаст, дар миёни ду шаб аст.
Оинаи нур аст рӯҳи ёр имшаб
Оинаи нур аст рӯҳи ёр имшаб, Эй маҳ, бинишин дар паси девор имшаб. Эй меҳр, бипӯш рӯи худро дар абр, Эй субҳ, дами хеш нигаҳ дор имшаб.
Гар касе ошиқи рухсори ту бошад, чӣ кунад?
Гар касе ошиқи рухсори ту бошад, чӣ кунад? Толиби давлати бедори ту бошад, чӣ кунад? Шӯхию бехабар аз дарди гирифтории ишқ, Дардманде, ки гирифтори ту бошад, чӣ
Ман ошиқи девонаву мастам, чӣ тавон кард?
Ман ошиқи девонаву мастам, чӣ тавон кард? Майхораву маъшуқапарастам, чӣ тавон кард? Гар соғари сесӯза кашидам, чӣ тавон гуфт? В-ар тавбаи чилсола шикастам, чӣ т
Чӣ он аст, ки шоҳон зи ту шарманда шаванд
Чӣ он аст, ки шоҳон зи ту шарманда шаванд, Салтанатро бигузоранду туро банда шаванд. Гар ба хоки қадамат саҷда муяссар гардад, Сарфарозони ҷаҳон ҷумла сарафканд
Ошиқон ҳарчанд муштоқи ҷамоли дилбаранд
Ошиқон ҳарчанд муштоқи ҷамоли дилбаранд, Дилбарон бар ошиқон аз ошиқон ошиқтаранд. Ишқ менозад ба ҳусну ҳусн менозад ба ишқ, Оре-оре, ин ду маънӣ ошиқи якдигара
Ғами бутон махӯр, эй дил, ки зор хоҳӣ шуд
Ғами бутон махӯр, эй дил, ки зор хоҳӣ шуд, Агар азизи ҷаҳонӣ, ки хор хоҳӣ шуд. Агар чу ман ҳаваси зулфи ёр хоҳӣ кард, Зи ошиқони сияҳрӯзгор хоҳӣ шуд.
Лаъли ҷонбахшат, ки ёд аз оби ҳайвон медиҳад
Лаъли ҷонбахшат, ки ёд аз оби ҳайвон медиҳад, Зиндаро ҷон меситонад, мурдаро ҷон медиҳад. Дил магар побастаи зулфи ту шуд, к-аз холи ӯ Бод меояд, хабарҳои пареш
Ҳаргиз он шӯх ба мо ғайри нигоҳе накунад
Ҳаргиз он шӯх ба мо ғайри нигоҳе накунад, Он ҳам аз ноз кунад гоҳею гоҳе накунад. Меравам бар сари роҳаш ба умеди назаре, Оҳ, гар бигзарад он шӯху нигоҳе накуна
З-андоза бурун дар дил андӯҳу ғаме дорам
З-андоза бурун дар дил андӯҳу ғаме дорам, Дар сина ба ҳар узве пинҳон аламе дорам. Бас хуни ҷигар ояд аз гиря ба чашмонам, Аз ҳар мижаам ҷорӣ ҷӯе зи ғаме дорам.