Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Васли ту куҷову мани маҳҷур куҷо.
Васли ту куҷову мани маҳҷур куҷо. Дурдона куҷо, ҳавсалаи мӯр куҷо? Ҳарчанд зи сӯхтан надорам боке, Парвона куҷову оташи Тур куҷо?
Гуфтам: Санамо, лоларухо, дилдоро,
Гуфтам: Санамо, лоларухо, дилдоро, Дар хоб намой чеҳра боре, ёро. Гуфто, ки равӣ ба хоб бе мо в-он гаҳ Хоҳӣ, ки дигар ба хоб бинӣ моро?
Во фарёдо зи ишқ, во фарёдо,
Во фарёдо зи ишқ, во фарёдо, Корам ба яке турфа нигор афтодо. Гар доди мани шикаста додо, додо В-арна ману ишқ, ҳарчӣ бодо, бодо!
Хорошо?
Хорошо? Обещаю молчать, если нужно, Или просто обнять, поддержать. Ты имеешь право заслуженно
Ҳамвора ишқ бехабар аз роҳ мерасад
Ҳамвора ишқ бехабар аз роҳ мерасад, Ҳамчун мусофире, ки ба ногоҳ мерасад. Во мениҳам ба ашку ба мижгон тадорукаш, Чун вақти обу ҷоруи ин роҳ мерасад.
Ишқи ӯ боз андаровардам ба банд
Ишқи ӯ боз андаровардам ба банд, Кӯшиши бисёр н-омад судманд. Ишқ дарёе каронанопадид, Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.
Рафтам аз ту
Рафтам аз ту, эй фурӯғи шоми ман, Баъд аз ин ҳам нашнави ту номи ман. Рафтам аз ту, аз дунёи ӯ, Ту нашудӣ ҳеч соати роҳоми ман.
Ай ки ҳама нигоҳи ман
Ай ки ҳама нигоҳи ман, Хурда гиреҳ ба сӯи ту. То наравад нафас зи тан, По накашам зи кӯи ту.
Зулф бар бод мадеҳ, то надиҳӣ барбодам
Зулф бар бод мадеҳ, то надиҳӣ барбодам, Ноз бунёд макун, то накани бунёдам. Май махӯр бо ҳама кас, то нахӯрам хуни ҷигар, Сар макаш, то накашад сар ба фалак фар
3. Дар офариниши моҳ
Чароғест мар тирашабро басеч, Ба бад то тавонӣ, ту ҳаргиз мапеч! Ду рӯзу ду шаб рӯй нанмоядо, Ҳамоно зи гардиш бифарсоядо.
Аз дару баставу девори баланди ту ба танг
Аз дару баставу девори баланди ту ба танг, Омада бо дару девор аз ин ғусса ба ҷанг. Гуфтаӣ шаб дари мо чанд занӣ, ин на дуруст Аз дили сахти ту бар сина ҳамекӯб
Шаккар омад зи хандаи ту ба танг
Шаккар омад зи хандаи ту ба танг, Кӯзаи худ набот зад бар санг. Рӯи ту пурсафо зи ашки ман аст, Гарчи аз нам барорад оина занг.
Ба худ гумони ман ин буд, ки дар бидояти ишқ
Ба худ гумони ман ин буд, ки дар бидояти ишқ, Ки кӯси мулк занам зуд дар вилояти ишқ. Дареғу дард, ки ҳар дар миён фурӯ рафтам, Надида бориқаи лутф аз ниҳояти и
Хушо манозили Салмову рубъу атлолаш
Хушо манозили Салмову рубъу атлолаш, Ки бурд расму асар гардиши маҳу солаш. Кадом кох сарафрохт з-ин нишемани хок Ки дастбурди ҳаводис накард помолаш.
Латофати лаби ӯ бину аз зулол мапурс
Латофати лаби ӯ бину аз зулол мапурс, Хаёли абрӯи ӯ банду аз ҳилол мапурс. Зи дасти дӯст шикоят ба дигарон хуш нест, Малол менигар, аз мӯҷиби малол мапурс.
Ояд ба барам чун нигоре наву ҳаргиз
Ояд ба барам чун нигоре наву ҳаргиз, Тозад ба сарам чун ту саворе наву ҳаргиз. Умре паи як бӯса агар рӯ ба ту орам, Ҳаргиз гузарад бар лабат, оре наву ҳаргиз.
Фасли дай кӯтаҳ бувад, соқӣ барои айши рӯз
Фасли дай кӯтаҳ бувад, соқӣ барои айши рӯз, Ришта гир аз шамъу аз шаб васлае бар рӯз дӯз. Аз фурӯғи фузлаи шаҳдам чӣ ҳосил, фазл кун, В-аз рухи шоҳид ҳарими маҷ
Ба рухсору ҷабину рӯю ораз бурдӣ, эй дилбар
Ба рухсору ҷабину рӯю ораз бурдӣ, эй дилбар Фурӯғ аз субҳу нур аз рӯзу акс аз моҳ, тоб аз х(в)ар. Фурӯғу нуру аксу тоби рӯят карда ошиқро Басар бино, хирад доно
Ид шуд андар канору бӯса бо ҳам ҳар ду ёр
Ид шуд андар канору бӯса бо ҳам ҳар ду ёр, Ёри мо нодода бӯса мекунад аз мо канор. Диданаш ид асту идӣ бӯса додан бар лабаш, Эй худо, з-ин иду идӣ коми муштоқон
Хиште, ки рӯзи марг маро зери сар ниҳанд
Хиште, ки рӯзи марг маро зери сар ниҳанд, Дорам ҳамин мурод, к-аз он хоки дар ниҳанд. Пайкони ту сурх шавад з-онташи дилам, Хуш он ки баҳри доғ маро бар ҷигар н
Гиряи талхи ман аз хандаи он лаб нигаред
Гиряи талхи ман аз хандаи он лаб нигаред, Ташналаб мурдани ман з-он чаҳи ғабғаб нигаред! Ашкам аз акси лабаш бодасифат рангин шуд, Соғари чашмам аз бода лаболаб
Ораз зи хат ороста шуд нӯшлабонро
Ораз зи хат ороста шуд нӯшлабонро, Барҳам зад аз он оразу хат рӯзу шабонро. Он нахли тарабро чу газидам лаби ширин, Гуфто, ки макун хаста зи дандон рутабамро.
Наат Салмо валекин лоҳа барқун мин мағониҳо
Наат Салмо валекин лоҳа барқун мин мағониҳо, Бале, манзигаҳи мақсудро бошад нишониҳо. Насими кӯи ӯ бахшад дили уммедворонро Умеди комгориҳо, навиди шодкомиҳо.
Чеҳраи зард зи хун баста ҷигар таҳ ба таҳам
Чеҳраи зард зи хун баста ҷигар таҳ ба таҳам, Сурхрӯӣ ба ҷуз ин нест зи бахти сияҳам. Ҷӯи хун гирди манн аз дида даромад, чӣ кунам? Қуввати пой надорам, ки аз ин
Нест ҷуз рух ба кафи пои ту судан ҳавасам
Нест ҷуз рух ба кафи пои ту судан ҳавасам, Дорам умме, ки мабзул бувад мултамасам. Ман кӣ бошам, ки кунам ҳамнафасӣ бо чу туе, Ин қадар бас,ки ба ёди ту барояд
