Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Шаккар омад зи хандаи ту ба танг

Шаккар омад зи хандаи ту ба танг, Кӯзаи худ набот зад бар санг. Рӯи ту пурсафо зи ашки ман аст, Гарчи аз нам барорад оина занг. Сулҳи ту бегуноҳ хунрезист Бар сари сулҳи ту касонро ҷанг. Номи худро рақиб ошиқ кард, Ҳаст аз ин ном ошиқонро нанг. Анҷум аз мотам анҷуман созанд, Чун шавад оҳи ман баландоҳанг. Лолаҳои дуранг бин гашта Ҳама дар доғдорият якранг. То ба кӯят муқим шуд Ҷомӣ, Бошад аз фикри ҳаҷ ба сад фарсанг.