Марост бе рухи ту шодие ба ғам наздик
Марост бе рухи ту шодие ба ғам наздик,
Шабеву рӯзе дар тирагӣ ба ҳам наздик.
Шаби фироқи ту аз ҳад гузашт кай бошад,
Ки ояд ин шаби меҳнат ба субҳдам наздик.
Бираст з-офати имсоки зӯҳд ҳар кӣ нишаст,
Зи хумми бода ба сарчашмаи карам наздик.
Маноз гӯшаи даврон ба ҷоми Ҷам, ки бувад,
Сафоли майкадаи мо ба ҷоми Ҷам наздик.
Чу шавқи қоиди раҳрав бувад набошад дур
Гараш ба дида нашояд раҳи ҳарам наздик.
Чу реги гарм дусад кӯҳи оташ аст ба роҳ
Маро чӣ заҳра, ки сӯят ниҳам қадам наздик.
Рухат зи дидаи тардоманон нигаҳ медор,
Ки кам ниҳад, кассе оинаро ба нам наздик.
Зи илму фазл чӣ фолам, ки даҳр месанҷад,
Матоъи беш зи бешам ба кам зи кам наздик.
Мабош ғамзада Ҷомӣ, ки корвони вуҷуд
Расидааст ба сарманзили адам наздик.