Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Биё соқӣ, биёр он бодаи пок

Биё соқӣ, биёр он бодаи пок, Бишӯ ҳарфи маро з-ин тахтаи хок. Ки банди пой гашта ҳарфи ҳастӣ Нашояд рафт аз ин роҳи хатарнок. Бувад осоннамо идроки мақсуд, Вале мушкил бувад идроки идрок. Ҳамебинӣ, валекин дид худро Набинӣ ин на биноист монок Зи хористони табъ андар ду чашмат, Халида, гӯиё, хор асту хошок. Аҷибтар он ки ҳаргиз як сари мӯй Зи нобиноии худ нестат бок. Чу наргис чашмҳо бикшода Ҷомӣ, Ба кӯрӣ сохтӣ ҳошок-ҳошок.