Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ба худ гумони ман ин буд, ки дар бидояти ишқ

Ба худ гумони ман ин буд, ки дар бидояти ишқ, Ки кӯси мулк занам зуд дар вилояти ишқ. Дареғу дард, ки ҳар дар миён фурӯ рафтам, Надида бориқаи лутф аз ниҳояти ишқ. Зи корхонаи ишқам ҷуз ин насибе нест, Ки бар забон гузарад гаҳ- гаҳам ҳикояти ишқ. Ҳуқуқи ишқ риоят чунончи мебояд, Наёфт, з-ин бувад аз ошиқон шикояти ишқ. Паи нузули ҳар оят шунидаам сабабе, Бурун бувад зи сабабҳо нузули ояти ишқ. Зи ҷаври даҳр паноҳе гирифта ҳар бедил, Паноҳи ман чӣ бувад сояи инояти ишқ. Чӣ суд саъйи ту, Ҷомӣ, беҳ он бувад, ки ниҳӣ, Зимоми маслиҳат андар кафи кифояти ишқ.