Ай ки ҳама нигоҳи ман
Ай ки ҳама нигоҳи ман,
Хурда гиреҳ ба сӯи ту.
То наравад нафас зи тан,
По накашам зи кӯи ту.
Гарчи ба шӯъла мекашӣ,
Қалби маро ба ишваат.
Бар ду ҷаҳон намедиҳам,
Як сари тори мӯи ту,
Мастии ҳар нигоҳи ту,
Беҳ зи шаробу ҷоми май.
Кай зи сарам бурун шавад,
Як нафас орзӯи ту,
Дар қафаси хиёли ту.
Такя занам ба интизор,
То ки ту бишкани қафас,
Пар бикашам ба сӯи ту.