Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Чеҳраи зард зи хун баста ҷигар таҳ ба таҳам

Чеҳраи зард зи хун баста ҷигар таҳ ба таҳам, Сурхрӯӣ ба ҷуз ин нест зи бахти сияҳам. Ҷӯи хун гирди манн аз дида даромад, чӣ кунам? Қуввати пой надорам, ки аз ин ҷӯ биҷаҳам. Гар диҳад ҷойгаҳам пеши худ он силсиламӯй, Натавон дошт ба занҷир дигар ҷо нигаҳам. Нест мақсуди манн аз ишқи бутон айшу хушӣ, Ѓараз он аст, ки аз нохушии худ бираҳам. Шустам аз занги риё хирқаи худ сӯфивор, Мастаба савмааву майкада шуд хонақаҳам. Ба яке гӯшаам аз майкада гар бор диҳанд, Далқу саҷҷодаи тазвир ба як гӯша ниҳам. Дасти Ҷомӣ буваду домани ҷонон, яъне Бидиҳам ҷон зи кафу домани ҷонон надиҳам.